logo

туризм

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. РУШДИ СОҲАИ ОЯНДАСОЗ МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕХОҲАД!

Яке аз бахшҳои умдаи ин соҳа рушди сайёҳии дохилист ва дар равнақу ривоҷи он қадами аввалро худи мо бояд гузорем. Дар ин бобат, бештари қишрҳои ҷомеа бетарафанд ва огоҳ нестанд, ки ояндаи сайёҳии дохилӣ дар дасти мост. Масалан, агар назарпурсӣ гузаронем, аксари мардуми мо Саразм (шаҳри Панҷакент), Қалъаи Ҳисор, Карон (ноҳияи Дарвоз), Сари Хосор (ноҳияи Балҷувон), Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Хазинаи Амударё, Тахти Ҷамшед (ноҳияи Қубодиён), Боғи ботаникии Помир (шаҳри Хоруғ), Гармчашма (ноҳияи Ишкошим)-ро на танҳо надидаанд, балки тамоман маълумот ҳам надоранд. 
Ниҳодҳои дахлдор, ширкатҳои сершумор ба ин самт таваҷҷуҳи  зарурӣ  зоҳир  намекунанд. Бештар ба ҷалби ҳамватанон ба  боздид  аз хориҷи мамлакат ва ё сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон машғуланд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ин иқдоми Сарвари муаззами кишвар саривақтӣ буда, бо итминон метавон гуфт, ки баъди таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳ ба сайёҳии дохилӣ низ бештар шуд.  Ҳоло мо дар бораи ҷойҳои таърихиву саёҳатии Бадахшону Рашту Ҳисор, Кӯлобу Балҷувону Лахш, Қубодиёну Шаҳритус, Истаравшану Деваштич ва дигар манотиқи мамлакат тавассути васоити ахбори омма ошно мешавем.  Ҳол он ки ваҳдати воқеӣ аз рафтуомад ба хона, деҳа, ноҳия, шаҳри ҳамдигар, шиносоӣ бо урфу одат, анъана ва хислатҳои умдаи сокинони манотиқи гуногуни кишвар ибтидо мегирад. Агар мо битавонем  сайёҳони дохилиро дар хонаҳои хоҳишмандон ҷой бидиҳем, нуран ало нур мешавад. Ин таҷриба кайҳост, ки дар мамолики мутамаддин роиҷ аст. 
Масалан, бо иқдоми роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ҳар моҳе хонандагонро ба тамошои ин ё он гӯшаи таърихӣ ва минтақаи сайёҳӣ -табобатӣ бурдан, айни муддаост. Ҳоло дар шаҳри Душанбе, ки даҳҳо муассисаҳои таълимӣ фаъоланд, ҳазорон хонандагоне ҳастанд, ҳатто қалъаи Ҳисорро, ки ба шаҳр басо наздик аст, надидаанд. Бовар дорем, ки барои фарзандонамон ва вусъат ёфтани ҷаҳонбинии онҳо тамошои қалъа ва ҳам муассисаи «Харбуза», ки ба ифтихори 3000-солагии шаҳри Ҳисор қомат афрохт, муфид хоҳад буд. Ба ин восита, хонандагон дар бораи як гӯшаи ҷуғрофии кишвар маълумот пайдо мекунанд.
Дар ин хусус иқдоми беназири Пешвои миллат таъсиси Донишкадаи махсус доир ба сайёҳӣ аст: «Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад».
Воқеан ҳам, «рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад».
Аз ин хотир, мехостем, ки ҳар омӯзгор, ба вижа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ибтикоротро вобаста ба сайёҳии дохилӣ пиёда созанд. Саёҳати гурӯҳии ҳамдиёронро ба шаҳру навоҳии мамлакат ташкил намоянд, онро тарғиб кунанд, мардумро ба боздид аз Саразми бостон, қалъаҳои Ҳулбук, Темурмалик, Муғ, водии сеҳрангези Яғноб, ҷойҳои таърихии Боми Ҷаҳон ҷалб кунанд.
 
Мунира НАБОТОВА,
омӯзгори Гимназияи хусусии «Кафолат»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2022    №: 166    Мутолиа карданд: 1293
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед