logo

Хабарҳо

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

 
паҳлавонони дохилу хориҷро ба ҳам меорад
19 – 20 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд IX мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.
Бар пояи маълумоти Кумитаи миллии олимпӣ, барои дарёфти ҷом дар баробари паҳлавонони кишвар гӯштигирон аз кишварҳои ҳамсоя ширкат меварзанд.
Мусобиқа аз рӯи 5 вазн миёни мардон (-66 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг) ва 2 вазн миёни бонувон (-57 кг ва -63кг) сурат мегирад.
Ғолибон 40 000 сомонӣ, барандагони ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан 20 000 ва 10 000 сомонӣ мегиранд. 
Ёдовар мешавем, ки зӯрозмоиҳо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб баргузор мегарданд. 
 
 
 
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2022
Пирӯзии «Истиқлол» ва мусовии «Хатлон»
Бозиҳои аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2022 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардиданд. Дастаи «Истиқлол» бо голи задаи Далер Имомназаров (дақ.78) бар «Эсхата» пирӯз омад.
Тибқи иттилои ЛФТ, вохӯрии дастаҳои «Хатлон» ва «Кӯктош» мусовӣ (0:0) ба анҷом расид. Қувваозмоиҳои ҷавобии марҳилаи 1/2 ниҳоии Ҷоми кишвар рӯзҳои 15 ва 16 октябр доир мешаванд. 
 
 
 
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО 
Як гол ва ду рекорд
Лионел Месси, ҳамлагари дастаи «ПСЖ», пас аз голи задааш дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи тими «Маккаби» якбора ду рекорд гузошт.
Футболбози аргентинӣ аввалин бозигаре шуд, ки дар 18 мавсими Лигаи чемпионҳо гол задааст. Месси аз рӯи ин нишондод аз Карим Бензема («Реал Мадрид», 17 мавсим) пеш гузашт. 
Инчунин, ӯ дар ин мусобиқоти бонуфузи аврупоӣ дарвозаи 39 дастаро рахна кардааст. Криштиану Роналдуи португалӣ (38 даста) дар мақоми дуюм қарор дорад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2791
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед