logo

Хабарҳо

ШУРОИ СОБИҚАДОРОН. 35-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ НИҲОДИ ҶАМЪИЯТИРО БО ШУКӮҲ ҶАШН ГИРИФТАНД

Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1987 дар асоси қарори конференсияи муассисон, ки аксарият вакилони он иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буданд, таъсис ёфтааст. Шуруъ аз он сол то инҷониб Шуро барои ҳимояи ҳуқуқу имтиёзҳои собиқадорон ва таъмини зиндагии арзандаи онҳо тамоми тадбирҳоро андешидааст. Ин нуктаро Раҳмат Қудратов, раиси Шуро, дар пленуми тантанавие, ки бахшида ба 35-солагии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. 
 
Намояндаи Сафорати Россия дар Тоҷикистон ба фаъолияти пленум баҳои баланд дода, чунин гуфт: «Ҳоло бисёре аз халқҳо хотироти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш карда, ҳатто ба хароб кардани ҳайкалу ёдгориҳои онҳо даст мезананд, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад». 
Зикр гашт, ки Шуро барои ҳимояи ҳуқуқ ва имтиёзҳои ҳамаи собиқадорон, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҷалби онҳо ба фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши созгор мегузорад. Ба наслҳои оянда мерос гузоштани таҷрибаи бою рангини ин пирони хирадманд яке аз вазифаҳои муҳим мебошад, зеро корнамоиҳои онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон  мусоидат мекунад. 
Котиби масъули Шуро Э. Турсунов гузориш дода, нақша-чорабиниҳои Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба омодагӣ ба Ҷашни 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тасдиқ кард.
Дар охир ба фаъолон ифтихорномаҳои Шуро ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4125
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед