logo

ҳуқуқ

Фаъолияти якчанд созмони динӣ боздошта шуд

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ  ва шахсони мансабдор супориш дода шудааст, ки дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба мадди аввал гузоранд.
Дар робита бо супориши мазкури Сарвари давлат  ёдовар  шудан  бамаврид  аст, ки  маҳз  бо  саъю  кӯшиш  ва талошҳои пайгиронаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон волоияти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдон, дар радифи асли волоияти қонун қарор гирифт. Дар мамлакат фазои софу беғубори гуногунандешӣ ва таҳаммулгароӣ, озодии виҷдон ва эътиқод, аз ҷумла эътиқоди динӣ, ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқи озодона ва ихтиёрӣ интихоб ва  пайравӣ кардан ё накардан ба ҳар гуна дин ва эътиқодро кафолат медиҳад.
 Дар банди 1 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки муносибати давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ танзим менамояд, омадааст: «Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад». 
Ҳамзамон қонун ба ягон равия ё гурӯҳи динӣ барои ба таври иҷборӣ ба гардани дигарон бор кардани  мафкураашро иҷозат  надодааст. Агар ягон фирқа ё гурӯҳи динӣ фаҳмиши махсуси худро ба гардани тамоми ҷомеа бор карданӣ шавад, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб сари вақт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дахолат ҳамон вақт ба вуқӯъ мепайвандад, ки аз ҷониби бархе аз шаҳрвандон ба сабаби суиистифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии худ бар зарари шаҳрвандони дигар ва умуман ҷомеа ин ё он амале анҷом дода мешавад ва ин боиси сар задани ихтилофот дар ҷомеа гашта, сулҳу амният дар кишвар дар зери хатар қарор мегирад, оромиву осоиштагӣ халалдор мегардад. Мутаассифона, таърихи давлатдории навини тоҷикон чунин таҷрибаи талхро аз сар гузаронидааст.
Набояд фаромӯш кард, ки дар кишвари мо дар баробари фазои андешаи динӣ фазои мафкураи дунявӣ ҳам вуҷуд дорад, ки он низ зери ҳимояи қонун қарор дода шудааст. Ҳам фазои озодии андешаи динӣ ва ҳам фазои озодии мафкураи дунявӣ баробар ҳимоя карда мешаванд. Таҷрибаи солҳои охир гувоҳи он аст, ки қисмате аз иттиҳодияҳои динӣ, чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ, дар баробари истифода аз фазои ҳуқуқии озоди кишвар ба ҷо овардани эҳтироми мафкураҳои мухолифро сарфи  назар менамоянд.  Ҳол он ки дар шароити кунунӣ дар заминаи муносибати байни пайравони эътиқодҳои мухталиф асли таҳаммулгароӣ қарор дода шудааст. Риоя накардани асли таҳаммулгароӣ ва қонунҳои кишвар одатан бо оқибатҳои ҳуқуқӣ ва чораҳои мақомоти давлатӣ анҷом меёбад.   
Аз ҷумла, дар таърихи 11 октябри соли 2007 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳува» қатъ карда шуда буд. Яке аз асосҳои қонунӣ барои қатъ кардани фаъолияти ташкилоти динии мазкур бар хилофи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» ба қайд гирифта шудани он мебошад. Ташкилоти динии мазкур солҳои 1994 ва 1997 зимни   суиистифода аз бетаҷрибагии мақомоти давлатии дахлдор шаҳодатномаи бақайдгирӣ (бо рақами сабти Оиннома №13 аз 15. 01. 1997 бо номи пурраи «Ҷамоати динии Шоҳидони Иегово») гирифта, минбаъд бо мақсади ба гумроҳӣ андохтани мақомоти давлатӣ бо номҳои гуногун фаъолият намуда, як қатор амалҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст.
 Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар давраи фаъолияти ғайриқонунии худ ин ташкилот барои роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин  борҳо ба тариқи расмӣ огоҳонида шуда, ҳатто фаъолияти он ба мӯҳлати се моҳ боздошта шуда буд.
Яке аз усулҳои асосӣ ва маъмули муборизаи «Шоҳидони Яҳува» бо давлатҳо ва ҳукуматҳо аз болои мақомоти давлатӣ ба додгоҳҳои зинаҳои гуногун шикоят бурдани онҳост. Усули хеле ҳам озмудашудаи ин  ҷамоаи динӣ бо овардани далелҳои дурӯғин ва иқтибосҳои нотамом аз матни қонунгузорӣ ба гумроҳӣ андохтани мақомоти судӣ мебошад. Вале боиси таассуф аст, ки иддае аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои абарқудрат пуштибонӣ аз чунин созмонҳои худхоҳу худкома намуда, ба орзую эътимоди мардуми озодихоҳ ва ғояҳои адолатпарвари инсоният доғ меоваранд. 
Дар рафти мурофиаҳои судӣ муқаррар гардид, ки фаъолияти ин ташкилоти динӣ, аз ҷумла бо ҷалб намудани ноболиғон, боиси сар задани хархашаву ҷанҷол ва якдигарнофаҳмӣ дар байни оилаҳои Тоҷикистон ва ҳатто оилавайроншавӣ гардидааст. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё ҳадаф ва мароми дину оин вайрон намудани оила ва хонавайронист?
Ҷамоаи динии  мазкур дар байни аъзои худ саркашӣ аз хизмати ҳарбиро бо баҳонаи ба даст нагирифтани яроқ ҳамчун олоти зӯроварӣ таблиғ менамояд. Роҳбари ин ҷамоаи динӣ В. Адирхаев барои саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ соли 1999 бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳкум карда шудааст, вале чи тавре ки худи ӯ дар мурофиаи судӣ иброз дошт,  ҳеҷ гоҳ ақидаашро нисбати саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ба даст нагирифтани яроқ, ҳатто дар ҳолати ба миён омадани зарурат барои мудофиа ҳам, тағйир намедиҳад ва аз омӯзонидани ин таълимот ба пайравонаш  даст намекашад.
Ин ҷо беихтиёр суоли дигаре пайдо мешавад, ки «Шоҳидони Яҳува» аз ҳимояи Ватан даст кашанд, пас дар ҳолати ҳуҷуми  душман ба мулку аҳли хонаводаашон кӣ бояд онҳоро дифоъ намояд?  Дар ин даврон, ки ҳоло «шамшерҳо ба омочҳо табдил дода нашудаанд» (таъбири библиёӣ), зулму бадӣ решакан нагаштааст, наметавон хавфи ҳуҷуми аҷнабиёнро  ба сарзамини худ истисно кард, наметавон аз таҳдидҳои  зӯроварону ҷангҷӯён дар амон буд. Пас ҳар давлати мутамаддин, ки мақоми худро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд ва аз мардуми худ пуштибонӣ мекунад, вазифадор аст, ки артиш ва нерӯи ҳарбии сазовор дошта бошад.  Аз ҷумла давлати Тоҷикистон низ.  «Шоҳидони Яҳува»  бошанд, таълим медиҳанд, ки  дар сурати ҳуҷуми душман баҳри ҳимояи зану фарзанд ва дифоъ аз молу мулки худ ба по нахеста, дар назди душман сари таслим фурӯ ниҳем.
Ин ҳолатҳо, бешубҳа, далели равшани он аст, ки фаъолияти ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳува» боиси эҷоди хатар ба ҳаёти осоиштаи мардум мегардад ва ба иқтидори мудофиавии кишвар хавфи ҷиддӣ дорад.
Дар натиҷаи омӯзиши таърихи пайдоиш, ташаккул ва фаъолияти  ҷамоаи динии мазкур коршиносон ба сари чунин натиҷа расиданд, ки он як сектаи динии дорои ғояҳои тоталитарӣ ва таҳаммулнопазирӣ буда, давлатҳоеро, ки дар қаламрави онҳо фаъолият мекунад, ба куллӣ эътироф наменамояд, аз қонунҳои онҳо сар мепечад ва дар муборизаи ҳамешагиву пайвастаи оштинопазиру тезутунд бо онҳо қарор дорад. 
«Шоҳидони Яҳува»  танҳо қоил ба салтанати худои Яҳува дар рӯи замин (на қудрати дигар) ва итоат аз фармудаҳои ӯ буда, китоби муқаддаси дини масеҳиро ҳам ба таври худ шарҳ медиҳанд ва тамоми динҳои рӯи замин, аз ҷумла ҳатто дигар конфессияҳои масеҳиро низ дурӯғин ва  ба қавли худашон «козиб» хонда, ҳалокати қарибулвуқӯи онҳоро ҳатмӣ ва ногузир эълон медоранд.
Ташхиси адабиёти динии ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳува» нишон медиҳад, ки дар он андешаҳои бар зидди тартибот, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои пайравони динҳои дигар нигаронидашуда, ақидаҳои ифротиву радикалӣ ва барангехтани ихтилофот дар байни пайравони динҳои гуногун, таҳқири шаҳрвандон аз назари муносибати онҳо ба дин, ақидаи тоталитаризми динӣ, таҳаммулнопазирӣ, риоя накардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бармало мушоҳида  мешаванд.
Пешгирӣ намудани таблиғи чунин ақидаҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷумла, банди 2 моддаи 29 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, банди 3 моддаи 18 Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 1 Эъломия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз ва ҳуқуқпоймолкунӣ дар заминаи дин ё эътиқод пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол фаъолияти «Шоҳидони Яҳува» дар қаламрави Тоҷикистон расман манъ аст. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 30 марти соли 2006 як қатор созмонҳои динӣ, аз қабили «Алқоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ихвонулмуслимин», «Ҷамъияти Таблиғ» ҳамчун созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда буд. 8 январи соли 2009 фаъолияти равияи Салафия мамнӯъ эълон гашт. 
Мутаассифона, бозтоби масъалаи ҳуқуқу озодиҳои эътиқоди динӣ дар баъзе мақолаҳои матбуоти даврӣ  шомили даъвоҳои беасос ва бидуни заминаи воқеӣ буда, ба гумону андешаҳои ботилу бепоя бунёд ёфтаанд. Дар баёни  масъала  таҳрифи воқеият, нодида гирифтани ҳақиқати мусаллам ба назар мерасад.
Амалҳои ниҳодҳои давлатӣ марбут ба ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар мавриди ҳуқуқ ба озодии пайравӣ ба дин, куллан ба Сарқонуни кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ асос ёфтаанд.
Мубаллиғони динҳои мухталиф кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бештар дар байни ҷавонон фаъолияти таблиғотӣ баранд, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба равия, гурӯҳ ё сектаи динии худ ҷалб намоянд, ба ақидаи худ моил созанд, шуурашонро дар зери тасарруфи худ қарор диҳанд. Аз ин рӯ, қарзи виҷдонии мо аст, ки мардум, алалхусус насли наврасро ба роҳи рост, дар рӯҳияи эҷодкорӣ ва  созандагиву бунёдкорӣ, мудорову муросо ва таҳаммулгароӣ дар муносибат бо дигар миллатҳову нажодҳо, бо пайравони адёни мухталиф тарбият намоем, ба онҳо дар доираи қонун зистан ва аз ҳуқуқу озодиҳои худ истифода бурданро омӯзем.
Риояи бечунучарои қонунҳо ба тамоми  шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шаҳрвандони хориҷии  муқими кишвар имкон медиҳад аз ҳуқуқу озодиҳои барояшон кафолатдодашуда ба таври васеъ баҳрабардорӣ намоянд ва ниёзҳои эътиқодии худро дар доираи қонун, бе ягон фишор ва нақзи ҳуқуқ пурра қонеъ гардонанд.

С. МАҲМАДУЛЛОЕВ,
корманди масъули
Кумитаи  оид ба корҳои
дини назди  Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 869
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед