logo

номаҳо

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ масъулияти хидмат ба мусофиронро гум кардаанд

Ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ таи чанд сол аст, ки арзиши чиптаи тайёраҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва баъзан бештар аз он муқаррар месозанд. Вале хидматрасонӣ ба мусофирон на ҳамеша дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ сурат мегирад.
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд борҳо ҳолатҳоеро дучор гардидем, ки мусофирон вақти парвозро баъди мӯҳлати муайяншуда  соатҳои зиёд интизорӣ мекашанд. Ва ё баъди фурӯши пешакии чиптаҳо  парвози ин ё он хатсайр бидуни огоҳии пешакӣ қатъ гардонида мешавад.
Мо, як гурӯҳ омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, барои ширкат дар конфронси илмиву амалӣ ба шаҳри Душанбе азми сафар доштем. Бинобар  ин  барои парвоз дар санаи 13 майи соли ҷорӣ бо хатсайри 66-и Хуҷанд-Душанбеи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ҳафтае пеш  чипта харидем. Вале он рӯз бо сабабҳои  номаълум  парвози ин ҳавопаймо қатъ гардонида шуд. Баъди интизории тӯлонӣ  мо тавассути хатсайри дигар  нимаи шаб ба Душанбе расидем.  Чаро масъулони ин ҳавопаймоҳо ва ё кормандони аэрокассаи марказии шаҳри Хуҷанд аз қатъ шудани хати парвоз  мусофиронро пешакӣ огоҳ намесозанд, то онҳо соатҳои зиёди вақташонро барабас надиҳанд?  Куҷост масъулияту вазифашиносӣ нисбати хидмат ба мусофирон, ки барои парвоз аз Хуҷанд то Душанбе ҳудуди 80 доллар маблағ мепардозанд?

Фарухи РАҲИМЗОД,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1995
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед