logo

номаҳо

Касбро хор накунед

Як рӯз ба ман  нимшӯхиву нимҷиддӣ бо гиламандӣ гуфтанд: «Синнатон аз 80 гузашта, аммо боз ҳам мехонеду менависеду насиҳат мекунеду таълиму тарбия медиҳед». Ман дар ҷавоб ба онҳо аз рӯзгори Қурбонбой ҳикоят кардам. Дар солҳои ҷавонии мо ӯ санбӯсапази номии Исфара буд. Барои гарм нигоҳ доштан зери онҳо лахча (ахгар) мегузошт. Муштариёнаш зиёд буд. Як рӯз ман ба ӯ гуфтам: «Бобо, магар пулҳои хонасозӣ тамом шуданд, ки дар ин синну сол  санбӯсапазиву санбӯсафурӯшӣ  мекунед»?  Эҳсос кардам, ки ин пурсиш ба мӯйсафед сахт расид...
Қурбонбой маро дар паҳлуяш шинонд ва дар лаълича чор санбӯса наздам гузошта гуфт: «Инҳо бепул, бихӯр, нӯши ҷонат шавад». Баъд афзуд: «Пули ман ҳеҷ вақт тамом намешавад. Ман барои рӯзи марг низ тайёрӣ дидаам, мӯҳтоҷи дастгирии касе нестам. Барои маъракаҳоям ҳам захира андӯхтаам. Худат медонӣ, ки ман як одами бефарзанд ҳастам. Агар бимирам, намегӯянд, ки падари фалонӣ мурд. Мегӯянд, ки бобои Қурбони санбӯсапаз аз дунё гузашт. Ҳама дар ин ҳол мефаҳманд, ки гап дар бораи кӣ меравад. Ба ҷаноза, хондани фотеҳа онҳое, ки маро мешиносанд, хусусан муштариёнам меоянд. Туфайли дуои онҳо  азоби гӯрам сабуктар мешавад. Кас бояд касбашро хор накунад, то даме қуввату ҷон дар бадан дорад, кор кунад».
Пас аз баёни ин саргузашти ибратбахш оҳи сабуке кашидаму шукр намудам, ки ҳисобам дар ҳамин дунё баробар шуд. Айнан ҳамон саволеро, ки ба Қурбонбой дода будам, ба ман низ доданд. Ман беҳтар дарёфтам, ки дар пиронсолӣ ҳар сухани ноҷо чун тир  дили одамиро сӯрох мекардааст. Ва аз он шод гардидам, ки аз рӯи насиҳати Қурбонбой дар зиндагӣ амал кардам.

Яҳёхони ТУРСУНЗОД,
ш. Исфара, Ҷамоати деҳоти Кӯлканд,
кӯчаи Саъдии Шерозӣ, хонаи 38


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2071
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед