logo

барқияҳо

Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Ху Тсзинтао президенти ҷумҳурии тоҷикистон эмомалӣ раҳмон ба раиси ҷумҳурии мардумии чин ху тсзинтао барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Мӯҳтарам ҷаноби Раис,
Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимона ва орзуҳои неки маро ба унвони Шумо ва дар шахси Шумо ба мардуми бузурги Чин қабул намоед.
Бо такя ба ғановату мероси бойи фарҳангию таърихӣ, Чин солҳои охир ба комёбиҳои назаррас дар бахшҳои гуногун ноил гаштааст. Ба шарофати нуфузи баланд, кишвари Шумо дар арсаи байналмилалӣ нақш ва мавқеи муҳими созандаро дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ мебозад.
Мо муносибатҳои дӯстона бо Чинро, ки аз санҷиши вақт гузаштаанд, комилан босубот ва дарозмӯҳлат арзёбӣ намуда, баҳои баланд медиҳем.
Ба шарофати ҳамкориҳои муштарак ба мо имкон фароҳам шуд, ки заминаи ҳамкориҳои стратегиамонро мустаҳкам намуда, лоиҳаҳои ояндадорро дар соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ амалӣ намоем. Таъсис ва фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай намунаи беҳтарин дар марҳилаи нав барои рушди муассири ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошад. Қадамҳо ва ташаббусҳои нав дар ин самт ба мо имкон медиҳанд, ки иқтидори бузурги муносибатҳои созандаи ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чинро фарохтар созем. Мехоҳам Шуморо, ҷаноби Раис, бовар кунонам, ки Тоҷикистон ҳамаи имконот ва чораҳои заруриро дар ин самт истифода ва амалӣ менамояд.
Бо боварии қатъӣ изҳор медорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ба манфиати давлат ва халқҳоямон густариш ва рушд хоҳанд ёфт.
Дар ин рӯзи  фараҳбахши идона иҷозат диҳед ба Шумо, мӯҳтарам  ҷаноби Раис, саломатӣ, ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду ниятҳоятон дар самти шукуфоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва нигаҳ доштани мавқеи устувори он дар арсаи байналмилалӣ  комёбиҳои  беназир таманно намуда, ба мардуми  дӯсти Чин  сулҳу саодатмандӣ  орзу намоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2211
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед