logo

мулоқотҳо

Президент аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард

1 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бекеле Гелете, Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ аз робитаҳои  Тоҷикистон бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва натиҷаҳои судманди он изҳори қаноатмандӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти душанбегии роҳбарони ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказиро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки он ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои марбута мусоидат мекунад.
Мусоҳибон аз ҳамкории миёни Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро аз пуштибонии бештар баҳри густариши равобити судбахши онҳо таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо шарикони дохиливу хориҷиаш дар  самтҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кӯмаки иттилоотӣ ва омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, мубориза бар зидди бемории сил, беҳдошти сифати об ва таъминоти аҳолӣ бо он бояд густариш ёбад.
Бо назардошти кишвари кӯҳистон будани Тоҷикистон ва осебпазирии минтақаҳои зиёди он аз офатҳои табиӣ, зиёд намудани ниҳодҳои шаҳрию ноҳиявии ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмар, беҳтар кардани таъминоти моддию техникии онҳо ва афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳо ба аҳолии ниёзманд, хусусан ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, зарур шумурда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо мақсади ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон Маркази минтақавии ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ созмон дода шавад.
Зимни сӯҳбат ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.

www.president.tj

х х х
Бекеле Гелете, Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма чунин баён дошт:
-Ман ва ҳайати ҳамроҳонам барои иштирок дар ҳамоиши роҳбарони ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омадем. Мулоқоти мазкур бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари ин кишвар созмон дода шуд. Ман ҳамчун Дабири кулли Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қаноатмандам. Зеро он бо Ҳукумат ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ робитаи мустаҳкам дошта, дар ҳалли як қатор масъалҳои муҳими стратегӣ, ба шумули тақвияти муносибатҳои минтақавӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, пешгирии хавфу хатарҳои эҳтимолӣ, огоҳсозии мардум аз онҳо, беҳсозии сатҳи зиндагии мардум, корҳои шоистаро анҷом медиҳад.
Бекеле Гелете зикр сохт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки бо қонуни алоҳида фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриро ба танзим даровардааст. Мо аз ин иқдом истиқбол мекунем. Ман ба фаъолияти Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баҳои баланд дода,  гуфтаниам, ки он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа нуфузи хуберо соҳиб шудааст.

Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1495
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед