logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Навид Қамар

Бегоҳии  28  феврал  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон,  Сайид  Навид Қамар - вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла  фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

"Мо ба таҳкиму густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчун рукни муҳими сиёсати хориҷии худ, аҳамияти хос медиҳем", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамкории ду кишвар, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва туризм дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

www.president.tj

-Боиси хушҳолии мо аст, ки рӯзҳои наздик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ташриф меоранд. Мутмаинем, ки ин сафар дар таърихи муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи ҳар ду кишвар сафҳаи нав боз хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Ҷаноби Олӣ чанд санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расида, дар тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба такони ҷиддӣ мебахшанд.   
Ин суханро Сайид Навид Қамар, вазири хусусигардонии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  иброз дошт.
Вазири хусусигардонии Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба як қатор масъалҳои муҳим, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, сармоягузорӣ ба тарҳҳои муштарак, фаъолияти бонкӣ, илму маориф, фарҳанг ва туризм, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гашт. Тоҷикистону Покистон омодаанд ва имкон доранд, ки корхонаҳои муштарак таъсис дода, барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оранд.
 -Дар мулоқот бо ҷаноби Президент ҳамчунин масъалаи аз Тоҷикистон тавассути марзи Афғонистон интиқол додани нерӯи барқ матраҳ гардид. Ҷониби Покистон тасмим гирифтааст, ки дар татбиқи тарҳи КАСА-1000 саҳми фаъол гирад. Зеро мо аз амалӣ гаштани ин лоиҳа манфиати зиёд мебинем,- гуфт Сайид Навид Қамар.

Додоҷон Рӯзиев,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1406
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед