logo

мулоқотҳо

Тоҷикистон - ИА: қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пйер Морел - Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказиро  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

"Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ дониста, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он ҳамкории пойдору дарозмуддати мутақобилан судманд дошта бошад",- изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
"Иттиҳоди Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар робита ба барқарорсозии иқтисодиёт ва амнияту субот дар Афғонистон, баҳои баланд медиҳад", - изҳор дошт дар посух Пйер Морел.
Аз сатҳ ва мазмуни муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо  ва робитаҳои мунтазам доир ба масоили гуногуни мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Қаноатмандӣ аз ҷумла аз баргузории ҷаласаи нахустини Кумитаи ҳамкории миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси нӯҳуми гурӯҳи ташаббуси Осиёи Марказӣ оид ба амнияти сарҳадҳо, ки бештар бо номи мухтасари КАПСИ маъруф аст, зоҳир карда шуд.
Доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, тақвияти ҳифзи сарҳадот ва ҳамчунин ҷалби сармоя ба бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон, идораи захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, тавсеаи ислоҳоти демократӣ, таъмини волоияти қонун  ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1439
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед