logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4,   қ. 1, мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12,    қ. 2, мод. 997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри с. 2010, №658) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2.  Дар номи моддаи 5 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
3.  Дар қисми якуми моддаи 23 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
4.  Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
5.  Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 71 ва дар сархати якуми қисми якуми моддаи 72 калимаи «секаратаи» ба калимаи «чоркаратаи» иваз карда шавад.
6.  Аз қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои «бонкҳо ва» хориҷ карда шаванд.
7.  Дар моддаи 23:
- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқи онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо, таъмини ҳисоботдиҳии онҳо;
- мусоидат ба рушди соҳибкории инноватсионӣ, аз ҷумла тавассути муқаррар намудани низоми махсуси ташкилию ҳуқуқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологӣ;
- ҷорӣ намудани барномаҳои магистрии идоракунии соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади тайёр намудани соҳибкорони касбии дорои дониши муосири иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
- такмили донишу малакаи касбии субъектҳои соҳибкории хурд бо роҳи ташкили машварат ё курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаҳои маориф, молия, омор ва андоз тибқи барномаҳои таълимии мақомоти ваколатдори давлатии дастгирии соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф; 
- дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муҳити соҳибкорӣ муайян намудани роҳҳои минбаъдаи инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакат.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ  РАҲМОН

ш. Душанбе, 25 марти соли 2011, № 701


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ш.  ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 340


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор  мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе,11 марти соли 2011, № 141


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2450
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед