logo

мулоқотҳо

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратӣ

5 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гурӯҳ кадрҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, соҳаи нақлиёт ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов муовини вазири корҳои дохилӣ ва Мухтор Неъматов директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо таъин шуданд.
Раҷаб Маҳмадалиев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҷалил Пириев, ки директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашт.
Дар мувофиқат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Балҷувон, шӯъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва командирони чанде аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ иваз карда шуданд.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои мазкур, тақвияти тартибу интизом ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла дар сохторҳои низомию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1448
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед