logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт

12 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роберт Блейк - ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.
"Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор  буда, ба таҳкими муносибот бо ин кишвар таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд", - изҳор  дошт  дар  оғози  сӯҳбат    Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.

Роберт Блейк аз номи роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба нақши созанда ва суботбахши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан дар самти барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва эҳёи иқтисоди ин кишвар баҳои баланд дода, ба Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти кишвар арзи сипос намуд.
Доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, кӯмаки умумӣ, мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои асри муосир, пеш аз ҳама терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Аз самараи ҳамкорӣ миёни сохторҳои сиёсӣ, низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии техникии мақомоти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва иштироки Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.
Доир ба дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа, ҷустуҷӯи роҳҳои иқтисодию иҷтимоии таъмини субот дар ин кишвар ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.
www.president.tj


* * *
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз нақши созандаи Тоҷикистон дар суботи кишварҳои минтақа, назири Афғонистон, хушбин мебошад ва ба талошҳои Сарвари давлати мо дар ин самт эҳтиром қоил аст. Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, замоне ба ин нукта ишора кард, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо доираи васеи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ вориди гуфтугӯ шуд.
Роберт Блейк изҳор дошт, ки дар сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон мавзӯъҳои фарогире баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири нооромии он ба кишварҳои минтақа, таҳкими марзҳо, мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтаанд. Номбурда баъд аз мулоқот бо намояндагони Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон, ки ду сол инҷониб дар кишвари мо фаъолият доранд, ба натиҷае расидааст, ки ҳанӯз имконоти зиёди ҳамкориҳо дар риштаи иқтисоду сармоягузорӣ истифода нашудаанд. Аз ин рӯ, дар мулоқоти тарафайн ҷустуҷӯи роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифта, омодагии ҷониби ИМА оид ба сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба обу энергетика, нақлиёту коммуникатсия, коркарди сарватҳои табиӣ таъкид шудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1491
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед