logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мэн Ҷянҷу

25 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мэн Ҷянҷу - узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

"Мо аз пайвастагии рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо  Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мо аст, қаноатмандем", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Сатҳу мӯҳтавои баланди  ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон чун энергетика, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, савдо ва сармоягузорӣ, самараи муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии хуби ду кишвар арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон бо ин, барои боз ҳам бештар густариш додани робитаҳои иқтисодӣ - тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар баробари дигар тадбирҳои судбахш ба таври доимӣ дар ҳамаи фаслҳои сол фаъол гардондани гузаргоҳи сарҳадии Кулма ва ба он додани мақоми байналмилалӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, тавсиаи ҳамгироиҳои муштарак дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1508
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед