logo

мулоқотҳо

Президенти Тоҷикистон фиристодагони Сенати Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

22 апрел Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Гурӯҳи дӯстии "Фаронса - Осиёи Марказӣ"-и Сенати Ҷумҳурии Фаронсаро ба ҳузур пазируфт.  Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, ҳавасмандии  Тоҷикистонро ба густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳангу мутобиқ ба равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ номида, аз ҷумла изҳор дошт: "Муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо марҳилаи "шинохтани якдигар" ва "мунтазирии қадамгузорӣ ба истиқболи ҳамдигар"-ро пушти сар кардаанд ва метавонанд ба давраи ҳамкории бештару мушаххас ворид шаванд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон,  "чунин ҳолат дар мисоли муносиботи Тоҷикистон бо Фаронса бештар аён мегардад».   

 Аз ҳамкории сиёсӣ ва низомии миёни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, зарур шумурда шуд. Ширкати васеи сармояи Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва истифодаи захираҳои фаровони обӣ ба манфиатҳои кулли кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон,  арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ метавонад ба тавсиаи робитаҳои иқтисодӣ ва ҳам ба таҳкими амнияту суббот дар ин минтақаи фарох мусоидати фаъол намояд.
 Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба роҳҳои муассири мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1436
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед