logo

мулоқотҳо

Паёми Маҳмуди Аҳмадинажод ба Эмомалӣ Раҳмон

10 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадризо Шайбонӣ - муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози сӯҳбат Муҳаммадризо Шайбонӣ паёми Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии   Исломии   Эронро  ба  Эмомалӣ  Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, расонид. Бо ин паём аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар Иҷлоси байналмилалии "Муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм", ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, иштирок намояд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни ҷаҳонию минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла ба густариши робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ, таъкид намуданд.

www.president.tj

* * *
Раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, ба вижа дар умури иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, қобили ситоиш аст. Дар ҳамин ҳол зарфиятҳои зиёди дигаре низ вуҷуд доранд, ки онҳо бояд мавриди омӯзиш қарор гирифта ва ба манфиати муштараки ду кишвари ҳамзабон равона гарданд.
Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Муҳаммадризо Шайбонӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадризо Шайбонӣ, ки ба манзури супурдани паёми Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вориди кишвари мо шудааст, аз сатҳи ҳамкориҳо ва татбиқи пружаҳои муштарак изҳори хушҳолӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, ҳар ду кишвар имконоти фаровонеро ҷиҳати пешбурди сареътари ҳамкориҳо дар ихтиёр доранд, ки он бояд дар нишастҳои коршиносон ва комиссияҳои муштарак баррасӣ гарданд.
-Барои дар амал пиёда намудани ҳадафҳои созанда ва густариши бештари ҳамкориҳо вуҷуди иродаи қавии сиёсӣ дар сатҳи олии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳад кард, - изҳор дошт муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Дар сӯҳбати ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъҳои гуногуни ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти ҳасос дар Ховари Миёна табодули назар карда шуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1502
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед