logo

мулоқотҳо

Барои Тоҷикистон ду грант ҷудо хоҳад шуд

12 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Теодор Алерс, директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Моту Конишӣ - директори минтақавии ин бонк доир ба кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти ташхиси техникӣ - иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, омӯзиши таъсири иҷтимоӣ- экологии ин иншоот ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, натиҷаи марҳалаи аввали ташхис доир ба корҳои дар зарфи 30 соли гузашта анҷомёфта ҳафтаи равон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва натиҷаҳои марҳалаи дуюм тирамоҳи соли равон омода хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ва натиҷаҳои марҳалаи аввали ташхиси он зимни нишасти намояндагони ҳукуматӣ ва аҳли ҷомеаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир мегардад,  баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфти Теодор Алерс, ҳадаф аз ташхиси ҳамаҷонибаи лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва ҳам муҳокимаи ин мавзӯъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор "дарёфти беҳтарин роҳҳои қобили қабул ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти сангини энергетикии Тоҷикистон мебошад". 
Бо назардошти иштироки ширкатҳо ва коршиносони мӯътабари ҷаҳонӣ дар ташхиси лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи кори онҳо ба баҳсу мунозираи кишварҳои минтақа атрофи ин мавзӯъ хотима мегузорад.
Рафти ташхиси техникӣ-иқтисодии лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА - 1000 низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шароити болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ду грант ҷудо карда мешавад, ки яке ба дастгирии буҷети давлатӣ ва дувумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд равона хоҳад шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1557
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед