logo

мулоқотҳо

Дар Тоҷикистон ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ дуюним маротиба афзудааст

2 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳайати Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ аз Гурӯҳи АвруОсиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризмро, ки таҳти роҳбарии Даниел Гласер,  ёвари иҷроияи Котиботи Дафтари гурӯҳи мазкур, муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷкистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ доир ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусан бо ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ гардиданд.
"Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон аст", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
 Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи АвруОсиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон дар Тоҷикистон корҳои зиёди самарабахш анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, Раёсати назорати молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо сохторҳои марбутаи кишвар ҳамкории босамар ба роҳ мондааст. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм" таҳия ва қабул гардид. Дуюним маротиба афзудани ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ натиҷаи пурзӯр шудани чунин мубориза дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
 Даниел Гласер ба қадамҳои нахустини Тоҷикистон барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии кишвар ба стандартҳои байналмилалии вобаста ба ин самт баҳои мусбат дода, изҳори боварӣ намуд, ки Нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти  мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурӯҳи АвруОсиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад.
Барои таъмини самараи бештар аз чунин мубориза густариши ҳамкории сохторҳои Гурӯҳи АвруОсиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кӯмакҳои техникӣ ва омӯзишу бозомӯзии мутахассисон зарур шумурда шуд.

www.president.tj

* * *
Даниел Гласер, муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз қабули қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон истиқбол кард.
ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ, бахусус ҷиноятҳои коррупсионӣ ва қонунигардонии даромадҳои ғайриқонуниву ҷилавгирӣ аз маблағгузории терроризм баҳои баланд дод.
Бино ба гуфти Даниел Гласер, зимни дидори ҳайати гурӯҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили тақвияти ҳамкории кишвари мо бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва ба даст овардани самарҳои бештар таъкид шудааст. Дар ин замина мубодилаи таҷриба, кӯмакҳои техникӣ ва бозомӯзии мутахассисон аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дониста мешавад.
Дар ҳамин ҳол Юрий Чеханчин, роҳбари Хадамоти федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати молиявӣ, ки яке аз дигар роҳбарони ҳайати гурӯҳи мазкур аст, изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар риштаи иқтисод пешрафтҳои амиқ касб кардааст. Гузашта аз ин, сиёсати иқтисоди берунии кишвар низ қобили дастгирӣ буда, қабули санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсеаи он мусоидат намудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1543
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед