logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Барбара Прамер

Дар шаҳри Вена Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо Барбара Прамер, Раиси Порлумони Австрия, мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Австрия ва густариши робитаҳои байнипорлумонӣ баррасӣ шуданд.
 Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба шаҳри Сент-Пёлтени Австрия ташриф оварда, бо фаъолияти ширкати гидроэнергетикии Войс Ҳайдро (VOITH HYDRO), ки бо давлатҳои Амрикою Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамкории густурда дорад, аз наздик шинос шуд.

 Зимни сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлати Тоҷикистон, Леополд Ҳинингер, президенти ширкати мазкур ва аъзои Шӯрои мудирони он омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуданд.
 8 июн ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия - шаҳри Вена дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.
 Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони воломақом аз кишварҳои сершумори ҷаҳон, роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар шаҳри Вена ҷамъ омаданд.
 Тавре аён мегардад, ҷаҳду талошҳои бисёрсолаи Эмомалӣ Раҳмон  - Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмилалӣ ва лоиҳаҳои стратегии зербиноии кишвар, аз ҷумла дар самти рушди гидроэнергетика, имрӯз дар минтақа ва ҷаҳон мавриди дарки дуруст ва пазироию дастгирӣ қарор мегиранд.
 Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Созишнома оид ба мақоми Дафтари созмон дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ба созишнома вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ имзо гузошт.
 Як созишномаи дигар миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия ба имзо расид. Ба он аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов имзо гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1568
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед