logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 99; с. 2010, №3, мод. 152) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи "вазъи" ба калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаҳои "санадҳои қонунгузорӣ" ба калимаҳои "дигар санадҳои қонунгузорӣ" иваз карда шаванд.
3. Қисми 1 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда,  бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд.".
4. Дар моддаи 34:
- қисмҳои 12 ва 13 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"12. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо ё сархатҳо тақсим шавад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад.
13. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, бо фосила оғоз меёбад. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ метавонад бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, пас аз он  аломати қавси пӯшида ")" гузошта шавад. Банди дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зервоҳиди матн буда, бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора  мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки банд  ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шуда бошад.";
- ба қисми 14 баъди калимаҳои "банд буда," калимаҳои "баъд аз аломати баён ":"" илова карда шуда, пеш аз ҷумлаи охирин ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Ҳар як зербанд ба истиснои зербанди охирин бо нуқта вергул ";" ба охир мерасад.".
5. Ба қисми 2 моддаи 48, қисми 1 моддаи 54, қисми 1 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 баъди калимаҳои "забони давлатӣ" калимаҳои "ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 52:
- ба қисми 3 баъди калимаҳои "забони давлатӣ" калимаҳои "ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо" илова карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд.".
7. Қисми 3 моддаи 58 хориҷ карда шавад.
8. Матни моддаи 59 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он тағйиру иловаҳои зиёд ворид карда шудаанд, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо назардошти тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав интишор шавад.".
9. Ба қисми 2 моддаи 61 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- давра ба давра маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро нашр намоянд.".
10. Дар номи боби 10 калимаҳои "ВА БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ" ба калимаҳои ", БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА МУРАТТАБСОЗИИ" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 3 моддаи 74 калимаи "гузаронанд" ба калимаи "гузаронад" иваз карда шавад.
12. Моддаи 75 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 75. Тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро мураттаб сохта, нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро пеш мебаранд  ва ба онҳо сари вақт тамоми тағйиру иловаҳои  мавриди амал қароргирифтаро дохил менамоянд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 730


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2011, № 399


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру
иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 162


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2466
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед