logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №4, мод. 201; с. 2008, №12, қ. 2., мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз моддаи 41 ва қисми 2 моддаи 9 калимаи "назди" хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 2 моддаи 7 пас аз калимаи "мегиранд" калимаҳои "ва ҳар моҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандии шаҳри (ноҳияи) дахлдор ҳисобот пешниҳод менамоянд" илова карда шаванд.
 3. Дар моддаи 9:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Мақоми роҳбарикунанда, назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ";
- қисми 1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбарӣ менамояд.";
- қисмҳои 1, 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
4. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки яксола ё аз он калонтар бояд маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ дода шудааст, инчунин маълумотнома аз ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомати кӯдак ва аз муассисаи таҳсилоти умумие, ки шаҳрванд дар он ҷо таҳсил мекунад, пешниҳод карда шавад.".
5. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 80 калимаҳои "Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ" ба калимаҳои  "Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия)"  ва калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр)" ба калимаҳои "Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
   ш. Душанбе, 28 июни соли 2011, № 733


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2011, № 397

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии
давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 9 июни соли 2011, № 184


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2511
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед