logo

номаҳо

Мусофирон ҳоли зор доранд

Дар баромадгоҳи шарқии шаҳри Кӯлоб, дар байни шоҳроҳи Кӯлоб -Қалъаихум ва бозори "Сомониён" истгоҳест, ки онро "Майда-чуйда" низ мегӯянд. Аз ин ҷо мусофирон ба тарафи Дарвоз, Даштиҷум, Тагноб ва Шӯрообод мераванд. Дар байни онҳо пирони барҷомонда, маъюбон, занону кӯдакон, маризон ва ғайраро дучор меоем. Агар бахтатон омад кунаду зудтар нақлиёте ёбед, аз азоби ин "истгоҳ" зудтар халос мешавед. Вагарна лозим меояд, ки дар фасли гармо соатҳои дароз  зери офтоби сӯзони Кӯлоб ва дар фасли сармо зери барфу борони он интизори нақлиёт бошед. Агар пойҳоятон аз истодан ба дард оянд, дар тобистон дар болои бетони сӯзон ва зимистон дар болои барфу ях нишаста онҳоро "дам" медиҳед. Чунин ҳоли зори мусофирон беш аз 10 сол боз идома дорад. Ман вазъро ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб расонда будам. Онҳо дар посух гуфтанд, ки барои беҳбуди истгоҳ чора меандешанд. Вале аз байн 1,5 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол вазъият чун пештара аст. Наход дар байни мардуми шаҳри Кӯлоб, ки бо меҳмоннавозию меҳмондӯстӣ машҳуранд, шахсе ёфт нашавад, ки дар ин истгоҳ се хараки чӯбӣ гузошта, болои онро пӯшонад, то мусофиронро аз азобу машаққат халос намояд? Ё худ идора, ташкилот ва муассисае набошад, ки ин кори савобро анҷом диҳад.
Мутаассифона, ин гуна ҳолати ногувор дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар ба назар мерасад. Ва касе барои рафъи ин мушкилот чорае намеандешад.      

Аламхон НУРМАДОВ,
нафақахӯр, сокини деҳаи Мулёби
ноҳияи Шӯрообод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2846
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед