logo

номаҳо

Саиди Бараҳнаро аз ёд набаред!

Исфара таърихи қадиму рангин дорад, аммо он ҳанӯз пура таҳқиқ нашудааст. Аз як қисми бозёфтҳо ва ёдгориҳои таърихӣ агар ном баранд, қисми  дигарро умуман фаромӯш кардаанд, ҳарчанд ки онҳо дастрасу чашмрасанд. Дар натиҷа онҳо харобу нобуд мешаванду аз ёдҳо мераванд. Яке аз ин гуна ёдгориҳои таърихӣ мақбараи Саиди Бараҳна мебошад. Он дар маркази шаҳр, дар ҳудуди қабристони ҳамном ҷойгир аст. Таърихи беш аз панҷсадсола дорад.
Доир ба ин мақбара боре ҳам мутахассисон пажӯҳиш набурдаанд. Оиди шахсияти Саиди Бараҳна низ маълумоти дақиқе дастраси мардум нест. Танҳо муаррих Н. Турсунов бо ду ҷумла зикр мекунад, ки Шайх-ул-Исмоили Балхӣ, маъруф ба Саиди Бараҳна соли 1476 дунёро падруд гуфтааст ва мазори ӯ дар қисмати ҷанубӣ воқеъ аст.
Ҳамин маълумот кофист, ки ҳама шубҳаҳои вобаста ба ёдгории меъмориву таърихӣ будани мақбараи Саиди Бараҳна барҳам зананд ва моро ба ҳифзи ин макон вазифадор созанд.
Саиди Бараҳна дар миёни мардум чун шоир, мутафаккир, донандаи хуби Қуръон ва Ҳадис, илми дин ва авлиёи давр, обрӯву эътибори зиёд дорад. Ба хотири гиромидошти ин шахсият болои қабри ӯ мақбара сохтанд. Пас аз даргузашти фарзанди ӯ низ мардум дар паҳлуи мақбараи Саиди Бараҳна мақбараи дигар бунёд намуд.
Ба зиёрати падару фарзанд аз дохили кишвар ва берун аз он, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон, ихлосмандон меомаданд.
Хулоса, мақбараи Саиди Бараҳна ниёз ба тармиму таъмир дорад. Нахуст Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бояд онро дар рӯйхати ёдгориҳои таърихии ҳифзшаванда ворид созад. Албатта, пас аз он бовар дорем, ки мақбараи Саиди Бараҳна мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Раҳматбой ҚОДИРОВ,
шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.11    №: 151-152    Мутолиа карданд: 2620
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед