logo

номаҳо

Шикояту санҷиш ҳам ҳад доштагист!

Баъди таҳияи ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, бо иҷозаи Идораи нақлиёти вилоят, хадамоти танзими нақлиёт дар вилояти Суғд соли 2000-ум хатсайри рақами 58 дар самти деҳаи Унҷӣ - маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт. Сокинон аз ин иқдом арзи сипос мекарданд. Дар асоси арзу дархости мардуму хоҳиши раисони деҳоти Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамин хатсайрро то мавзеи гардиши Қайроққум (собиқ Госснаб) идома додем. Баъд аз ин арзу шикоят аз ҷониби муассисони хатсайри рақами 106 бо сарварии Тутӣ Қаюмова нисбат ба фаъолияти мо оғоз ёфтанд. Ба хотири нуқтагузорӣ ба ин нависонависҳо бо ширкати намояндагони ҳар ду ҷониб - идораҳои нақлиёт ва хадамоти танзими нақлиёт дар вилояти Суғд, ҳамчунин масъулони шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо намояндагони васоити ахбори вилоятиву ҷумҳурӣ ду-се маротиба мулоқот анҷом дода шуда бошад ҳам, натиҷаи мусбат набахшид. Фаъолияти мо на кам аз даҳ маротиба аз ҷониби масъулони идораҳои нақлиёти вилоятиву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хадамоти танзими нақлиёти мусофиркашонӣ ва мақомоти прокуратураи ноҳиявию вилоятӣ мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Фаъолияти моро қонунӣ ҳисобиданд.  Соҳибкор Т. Қаюмова ба  ҳамаи ин санҷишу шарҳу эзоҳи масъулон қаноат намекунад ва аризабозиву шикоятнависиро ба идораҳои болоӣ идома медиҳад.
Даъвои ӯ аз он иборат аст, ки хатсайри мо ба фаъолияти хатсайрҳои ӯ - № 106 ва 106 "А" халал мерасонидаасту бояд аз байн бардошта шавад ва ё ба самти дигар гардад. Ин даъво асос надорад.  Баъдан ин соҳибкор ё худро ба нодонӣ мезанад, ё фаҳмидан намехоҳад, ки феълан мо дар шароити муносибатҳои бозорӣ қарор дорему бояд мутобиқи он амал намоем, яъне бо рақобати солим ва бо хизматрасонии сифатан аъло ба мусофирон, на бо шикоятнависӣ.
Охир ронандагони хатсайри мо, ки 120 нафаранду зиёда аз 50 нақлиётро идора мекунанд, бар асари ин ҳама навиштаҳову санҷишҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд. Шикояту санҷиш ҳам ҳад доштагист.

Мирзоқурбон ҲАМДАМОВ,
шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.12    №: 47-48    Мутолиа карданд: 2561
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед