logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543;         с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1,      мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7-8, мод. 610; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011, №774), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 332 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 332. Идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ
Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин вогузоштани идораи воситаҳои нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад,-
маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати ду сол таъйин карда мешавад.".
2. Дар моддаи 337:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "даҳ то бист" ба калимаҳои    "сӣ то панҷоҳ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "бист то сӣ" ба калимаҳои "панҷоҳ то ҳафтод" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 339:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "ду то се" ба калимаҳои "се то панҷ" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "се то панҷ" ба калимаҳои "панҷ то ҳафт" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 апрели соли 2012, № 806

 

Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2012, № 674


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2012, № 279


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 2784
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед