logo

барқияҳо

27 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонии Ли Мён Бак, Президенти Ҷумҳурии Корея, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:...

"Ҷаноби Олӣ,
Дар робита ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрику таманниёти самимии хешро бифиристам.
Аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон кишварҳои мо муносибатҳои дипломатиашонро ба роҳ монда, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Тайи ин давра муносиботи байни мамлакатҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии ҷумҳурии Шуморо дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмуҳлату созандаи минтақавӣ тавассути Ҳамоиши ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баланд арзёбӣ менамояд.
Айни замон, мо мутмаинем, ки муносиботи байни ду давлат дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда доранд ва ба кор андохтани онҳо ба манфиатҳои мардумонамон хоҳад буд.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони татбиқи воқеии чунин имкониятҳо мебошад ва бо мақсади фароҳам овардани заминаи бештари мусоид барои тавсеаи доираи ҳамкориҳои зичи мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея омода аст, ки муколамаи созандаро бо мамлакати Шумо дар ҳамаи сатҳҳо вусъат бахшад.
Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак дар таърихи муосири равобити миёни кишварҳоямон ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея  пешрафту шукуфоӣ таманно дорам".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.12    №: 57    Мутолиа карданд: 2015
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед