logo

барқияҳо

6 июн Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

Бародари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Аз номи Ҳукумати Покистон ва шахсан аз номи худам бо камоли мамнуният ва аз таҳти дил Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрик мегӯям.
Аз давраи қадим давлатҳои мо муносибатҳои хуби фарҳангӣ доранд. Шоирону нависандагони мо дар ҳар ду давлат машҳуранд. Корҳои шоистаи онҳо мардуми ду давлатро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад.
Аз рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат аз 6 июни соли 1992 таҳти роҳбарии Шумо муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун бемайлон тараққӣ карда истодаанд. Maн аз иштироки Шумо дар ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар Душанбе бисёр миннатдор ҳастам. Бонк барои рушди муносибатҳои иқтисодии мо мусоидат хоҳад кард.
Умедворам Шуморо дар охири соли ҷорӣ дар Исломобод дар вохӯрии чорҷониба пазироӣ бикунам. Сафари Шумо ба Покистон боз такони хуб барои рушди бардавоми муносибатҳои мо хоҳад шуд.
Бисёр шод аз онам, ки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва амниятии мо рӯз ба рӯз рушд ёфта истодаанд. Бартараф шудани мушкилиҳои раводид мардуми ду кишварро ба ҳам наздик месозад ва туризм ҳам рушд хоҳад кард. Дар ояндаи наздик парвозҳои мустақим дар нақша ҳастанд ва тараққиёти роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан низ дар мадди назар мебошанд.
Меҳмондории гарму самимии Шумо, Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ҳангоми сафари мо ба мамлакати зебои Шумо ҳамеша дар хотири ман хоҳад монд. Ҳангоми ин сафар якчанд масъалаҳои муҳим барои тараққиёти ояндаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд.
Бародари азиз, барои Шумо ва мардуми Тоҷикистон саломатии бардавом, хушнудиву пирӯзӣ ва муваффақият хоҳонем.
Ман ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо, бародари муҳтарам, ғанимат медонам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.12    №: 72    Мутолиа карданд: 1950
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед