logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Наришкин

17 cентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари маъмурияти Президенти Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки ба ҳайси сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Анҷумани сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия ва мавзӯъҳои анҷуман баррасӣ шуданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили ҳамкории бунёдии иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва дигар канданиҳои фоиданок, зоҳир гардид.
Аз рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ки то охири соли равон бояд ба анҷом расад, созишҳои дуҷониба оид ба сохтмони се нерӯгоҳи миёнаиқтидори обии дигар дар ҳудуди Тоҷикистон ва аз омодагии ҷониби Русия баҳри иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Рушди ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд. Мусоҳибон аз омодагии ҳар ду ҷониб баҳри кушодани филиалҳои се муассисаи олии таълимии Русия дар Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Анҷумани сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   ба дарёфти роҳҳои наву судбахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва техникию технологӣ муваффақ шуда, аз худ нақши муҳим мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8402
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед